Аз таърихи 5-юм то 7-уми марти соли 2022 дар литсейи инноватсионии »Душанбе»-и назди ДТТ чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Модарон таҷлил гардид. Ҷамъомад давоми ҳафта мувофиқи нақшаи тартиб додашуда соати 7 30 аз ҷамъомади пагоҳирӯзӣ оғоз гардид. Дар долону даромадгоҳи литсей газетаҳои беҳтарин дар мавзӯи «Модари ман ҷони ман» овезон карда шуданд.
Мувофиқи нақша бахшида ба “Рӯзи Модарон” дар Литсейи инноватсионии “Душанбе” санаи 5-уми март байни духтарони синфи 7 –ум озмуни “Дастёри модар” гузронида шуд, ки дар он гуруҳи духтарон маҳорату чолоки, хозирҷавоби ва қобилияти кадбонугии худро ба ҳамагон пешкаш намуданд. Ғолибон ва фаъолони озмун бо ифтихорномаҳо кадрдони карда шуданд.