Имрӯзҳо бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда истодаанд, ки яке аз он «Фурӯғи субҳи доноӣ…..» ба ҳисоб меравад.
Дар соли 2022 низ хонандагони литсей баҳри иштирок дар ин озмун хеле пешсаф буданд. Ду нафар аз хонандагон дар даври шаҳрӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро муваффақ шуданд: Гулбарги Камолиддин, хонандаи синфи 10 «Б», дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳонӣ” ва Шарипова Фархунда, хонандаи синфи 8 «В», дар номинатсияи “Адабиёти бачагона” сазовори ҷойҳои якум гардида, баҳри иштирок дар даври чоруми (ҷумхуриявӣ) роҳхат гирифтанд.
Таърихи рўзи 09 ноябри соли 2022 дар маҷлиси тантанавӣ дар Коҳи Суруш хонандагони литсей Гулбарги Камолиддин ва Шарипова Фархунда бо Дипломҳои дараҷаи I ва мукофотпулӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ карда шудаанд.
Лаҳзаҳои хотиравӣ дар Коҳи Суруш бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим.