Ҳамасола ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонони роҳи озодӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Бахшида ба ин ҷашни бузург хонандагони синфҳои ибтидоӣ (таълимашон бо забони русӣ) таҳти роҳбарии омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Бегматов М.М. чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд.
Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмӯз,
Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмӯз!
Таҳти ин шиор фаъолони Созмони хонандагони литсей дар якҷоягӣ бо ҳуқуқшиноси литсей Муродов М. барои поси хотири шаҳидони ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ гулчанбар дар сари хоки онҳо дар боғи Ғалаба гузоштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони имрӯза дар дил ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносиро дар қалби худ ҷой додаанд.