Тибқи фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01.09.2022 соли 2023 «Соли забони русӣ» дар Тоҷикистон эълон гардид. Иттиҳодияи методии забони русӣ нақша — чорабиниҳоро роҷеъ ба ин фармоиш тартиб дода, дар амал иҷро карда истодаанд. Аз рӯи нақша дар литсейи инноватсионии «Душанбе» — и назди ДТТ дар толор байни хонандагони фаъоли синфҳои 9-11 диктанти умумӣ (тоталӣ) гузаронида шуд. Хонандагон аз рӯйи диктанти навишташуда «Синий камень Памира» баҳогузорӣ карда шуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Акбари Каффаш Мария ва Ризоева Мамлакат хонандагони синфи 11 «Г»., Рамзиёрзода Ниёзгул хонандаи синфи 10 «В»., Шодарвозова Марям хонандаи синфи 10 «В»., Валиева Ясмина ва Алимова Сумая хонандагони синфи 9 «Г»., Абдураҳимова Д. хонандаи синфи 9 «Е» сазовори ҷойи фахрӣ гардиданд. Аз тарафи маъмурият ин хонандагон бо Ифтихорнома сазовор гардонида шуданд.
Инчунин дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (таълимашон бо забони русӣ) озмуни «Золотое перо» гузаронида шуд. Хонандагони зерин ба ҷойҳои фахрӣ сазовор дониста шуданд.
Ҷойи якум: Масрурзода А. хонандаи синфи 4 «Г»., Абдуқодиров М. хонандаи синфи 1 «Д»;
Ҷойи дуюм: Дадабоева П. хонандаи синфи 1 «В»., Мирзоева М. хонандаи синфи 2 «В» ;
Ҷойи сеюм: Мизробзода Н. хонандаи синфи 3 «В»,Маҳмадшозода М. хонандаи синфи 4 «Г»., Ҷамолова Ануша хонандаи синфи 2 «Г».
Ин хонандагон низ аз тарафи маъмурияти литсей бо Ифтихорнома сазовор гардонида шуданд.