Аз  таърихи  05- ми октябр соли 2021 дар литсейи инноватсионии “Душанбе” чорабинӣ бахшида ба  Рӯзи  Забон  таҷлил гардид. Чорабини  давоми хафта  мувофиқи нақшаи тартиб додашуда  дар ҷамъомадхои пагоҳирўзӣ  хонандагон  маълумотхо дар бараи  тоза нигох доштани забони  давлати   ва  порчаҳои шеъри аз ашъори  шоирону адибон  қироат намуданд.

    Дар давоми ҳафта байни хонандагон озмуни «Газетаҳои девории беҳтарин» бахшида ба «Рӯзи забон»  эълон гашта шуда буд, ки онҳо  дар долону даромадгоҳи литсей, ки ба  намоиш гузошта шуда буд.

Байни хонандагони синфҳои 9-10 ум озмуни ЭССЕ – и беҳтарин дар мавзуи «Забони миллат — ҳасти давлат!» ва бани хонандагони синфи  11 – ум озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи «Сарҳади тоҷик,  забони тоҷик аст.» гузаронида шуда ғолибон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Таърихи 15.09.2021 . дар толори литсей конфронс бахшида ба  мавзўи «Бузургдошти забони миллат шарафмандист!» шуда гузашт, ки баромади хонандагони литсей аз тарафи тамошобинон хеле хуб пазируфта гардиданд.

Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта  низ маҳс ба  мавзўи  «Забони миллӣ – рукни асосии давлатдорӣ» бахшида шуда   гузаронида шуд.

Ба хонандагони дар чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи Забон» фаъолона иштирок намуда, бо  ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.