Аз таърихи 18 октябр то 23- ми октябри соли 2021 литсейи инноватсионии «Душанбе» ҳафтаи «Зарари телефонҳои мобилӣ» гузаронида шуд. Ҷамъомад давоми ҳафта мувофиқи нақшаи тартиб додашуда гузашт. Ҳафта аз ҷамъомади пагоҳирӯзӣоғоз гардид.
Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо дар мавзўи «Зарари телефонҳои мобилӣ» ба намоиш гузошта шуда буд.
Гуруҳи муштараки сайёр ки аз аъзоёни фаъоли Созмони талабагӣ таъсис ёфта буд, синф ба синф гашта бо шиори «Саломатии ҳар кас дар дасти худаш аст» баромади худро ба хонандагон пешкаш намуданд.
Дар таърихи 22- ми октябр дар толори литсей конфрон дар мавзуи «Зарари телефоноҳи мобилӣ ва тарзи дурусти истифодаи он» аз тарафи омӯзгорони фанни физика Муҳаммадҷонов М., Хонов И. ва гуруҳи хонандагони синфҳои 11 «А», 10 «Б», 8 «В» гузаронида шуд.
Давоми ҳафта се маротиба рейдҳо гузаронида шуд. Нафароне, ки бо телефон ба литсей омада бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 941 аз 07.10.2006с «Оид ба манъ намудани истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон» ва фармони Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон № 25/ 08 аз 17.03.2009. «Дар бораи манъ намудани истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ» бори дигар шинос намуда, огохонида шуданд.
Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта низ маҳс ба мавзўи «Зарари телефонҳои мобилӣ ба организми кӯдак ва ноболиғон» бахшида шуда, гузаронида шуд.