Аз таърихи 20 –ум то 25 – уми октябри соли 2021 дар литсейи инноватсионии “Душанбе”  ҳафтаи «Одоби салом»  гузаронида шуд. Ҷамъомад давоми  ҳафта  мувофиқи нақшаи тартиб додашуда  гузашт. Ҳафта аз баромади хонандагон дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ оғоз гардид, ки дарон хонандагон дар бораи одоби муошират,  одоби салом яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ва тарибияи хуби шахсият будан маълумотҳо доданд.

Дар долону даромадгоњи литсей овезаҳо  дар мавзўи «Одоби салом» ба намоиш гузошта шуда буданд.  

      Гурӯҳи муштарари сайёр, ки аз аъзоёни фаъоли Созмони хонандагон таъсис ёфта шуда буд, бо баромадҳо  синф ба синф  дар мавзуъи  «Ҳусни инсон одоби саломи ӯст», «Салом калиди кушоиши муносибатҳо» гашта баромади худро ба хонандагон пешкаш намуда, оиди  салом маънии он, намудҳои салом маълумотҳо доданд.

  Давоми ҳафта аз тарафи фаъолони Созмони хонандагони литсей гурӯҳи навбатдорон ташкил карда шуд, ки онҳо дар долонҳо ва саҳни ҳавлии литсей навбатдори намуда, хонандагоне, ки  одоби муоширатро ба ҷо намеоварданд  ё дағалӣ мекарданд ба руйхат дароварда бо онҳо суҳбат гузарониданд.

       Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта  низ маҳс ба  мавзўи  «Салом қарзи худо», шиносоӣ бо дастури «Одоби салом» бахшида шуда,  гузаронида шуд.