Забон ва адабиёт

  Оиди Ҳафтаи фанҳои иттиҳодияи методии забон ва адабиёти тоҷик, забони  давлатӣ, алифбои ниёгон ва фаъолияти он дар соли таҳсили 2017 -2018 сухане чанд гуфта, онро  мавриди баррасӣ қарор диҳем. Ба хушнудӣ, омўзгорони иттиҳодияи мо дар ин самт қадамҳои  худро боз ҳам устувортар гузошта тавонистанд. Далели ин маънӣ ташкили Ҳафтаи фаннӣ ва дар ин давом дарсҳои ба истилоҳ кушоди як қатор омўзгорон  ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки дар ин давра ҳамаи омўзгорону хонандагони литсей воқеан ҳам фаъолияти хуб нишон дода, онро дар амал татбиқ намуданд. Иттиҳодияи методӣ Ҳафтаи фаннии худро аз  рӯйи  нақша-чорабиниҳои пешакӣ тартибдодашуда, ки он аз ҷониби маъмурияти литсей тасдиқ  гардида буд, ба роҳ монданд. Дар  нақша-чорабинӣ як  қатор баромадҳо, дарсҳои кушод, конфронсҳо, озмунҳо (иншои беҳтарин, хатти  хоно) дар назар дошта шуда буданд, ки аз ҷониби  аъзоёни иттиҳодия дар якҷоягӣ амалӣ гардиданд.

 

Ҳамасола таърихи 22 сенятбр дар саросари ҷумҳури Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Дар соли таҳсили 2017-18 низ дар якҷоягӣ аз ҷониби
омӯзгорони иттиҳодияи методӣ ин рӯз қайд гардид. Он аз баромади хонандагон дар ҷамъомадӣ пагоҳирӯзӣ оғоз гардид. Ҳамчунин дар толори литсей Конференсия дар мавзӯи “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй” бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон гузаронида шуд. Ҳамчунин байни хонандагони синфи 5-8 Озмуни “Хушнависон” гузаронида шуда, ғолибон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Байни хонандагон ва синфҳо Озмуни “Ба чашми дилат дид  бояд ҷаҳон”(муаррифии газетаҳои деворӣ) бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ” гузаронида шуд. Синфҳо ва гурӯҳи хонандагон расмҳои девории худро андар ситоиши устод Рӯдакӣ муаррифӣ намуданд.
Инчунин дар даромадгоҳи литсей намоишгоҳ бахшида ба ин рӯз ташкил гардид, ки дар он натиҷаи Озмуни “Хушнависон”, Озмуни “Ба чашми дилат дид  бояд ҷаҳон”(муаррифии газетаҳои деворӣ) бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ” баррасӣ гардиданд.

 Қайд кардан зарур аст, ки 30 сентябр ҳамчун Рӯзи Румӣ дар тамоми ҷумҳурӣ қайд карда мешавад. Иттиҳодияи методӣ ин рӯзро дар ҷамъомадӣ пагоҳирӯзӣ таҳти мавзӯи “Шаҳди сухани Мавлоно” бо баромади хонандагон таҷлил намуданд.

       Қайд кардани  5 октябр ҳамчун Рӯзи забон ба ҳусни анъана даромадааст. Дар ин самт низ иттиҳодияи методӣ фаъол буданд. Оғози ҷашнвора аз баромади хуби хонандагон дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ оғоз гардид.

    Инчунин дар толори литсей мусоҳиба дар мавзӯи  “Софу беолоиш нигоҳ доштани  забон”(байни хонандагони синфи 11г) гузаронида шуд. Хонандагон фикру андешаҳои худро баҳри софу беолоиш нигоҳ доштани забон баён намуданд, ки ин қабил чорабиниҳо ҳарчи бештар гузаронида шаванд, то баҳри баланд бардоштани сатҳи маданияти сухан гуфтани ҷавонон заминае гузоранд.

“Ба чашми дилат дид  бояд ҷаҳон”(муаррифии газетаҳои деворӣ) бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

 

Дарси кушод дар мавзӯи” Сифати аслӣ ва нисбӣ” синфи 6“в” Таҳлили мундариҷа ва образи ҳикояҳои “Гулистон”синфи 9 “а”

 Дарси кушод дар мавзӯи” Адиби наврас ” синфи7 “д”


Дарси кушод дар мавзӯи“Гулзори Ирам”- и  Абдураҳмони Мушфиқӣ синфи 10 “б”. Зарфи замон, макон синфи 7 “а”

Дарси кушод дар мавзӯи” Оҳанги талаффузи ҷумлаи сода ва  задаи мантиқӣ” синфи 8“в” ”Он саҳми чаман”- и  Абӯабдуллои Рӯдакӣ синфи 7“в”

Дарси кушод дар мавзӯи” Ибора ва ҷумла ” синфи 4“г” Ҳуҷҷатҳои расмӣ синфи 9 “г”

Дарси кушод дар мавзӯи” Кор аз рӯйи расми саҳифаи 15” синфи 4“е”

Дарси кушод дар мавзӯи” Ҳиҷо ва  хелҳои он.” синфи 5“а” Ташдиди овозҳо  ва  монандшавии онҳо синфи 10“а”

 Ба ту шарафҳо забони тоҷик  (баромади хонандагон бахшида ба Рӯзи забон  дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ)


Мусоҳиба дар мавзӯи “Софу беолоиш нигоҳ доштани  забон”(байни хонандагони синфи 11)

JoomShaper