Фанҳои табиӣ

Дар таърихи 24.11.16 иди Меҳргон гузаронида шуд

Иди меҳргон яке аз идҳои кадимтарини халқи тоҷик ба шумор меравад, агар иди Наврӯз давраи кишту корро дар бар гирад аммо иди Меҳргон дар фасли тирамоҳ ҳамчун ҳосилғундори ҷашн гирифта мешавад.

Дар Шурои имрӯза тасмим гирифтем, ки оиди ҳисоботи солонаи иттиҳодияи фанҳои химия ва биология ва фаъолияти он дар соли хониши 2016-17 мавриди барраси қарор диҳем. Мувофиқи қарори Шурои гузашта омузгоронро мебоист, ки дарсҳои худро бо усулҳои фаъоли таълим ташкил намуда ва натичаҳои таълимро аз фанни худ афзун намоянд. Далели ин маъни ташкили ҳафтаи фанни ва дарсҳои кушоди як қатор омузгорон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳафта омузгорон ва хонандагон хуб фаъолият нишон доданд. Ҳафтаи фанни аз рӯи нақша-чорабиниҳои пешаки тартибдода шуда, ки он аз ҷониби маъмурияти литсей тасдиқ гардида буд ба роҳ мононда шуд. Дар нақша як қатор баромадҳо, дарсҳои кушод, викторинаҳо, конфренсияҳо, таҷрибаҳои шавқовар, қиссаҳои химияви дар назар гирифта шуда буданд ва аз тарафи омузгорони иттиҳодия гузаронида шуданд.

Ҳафтаи фанҳои химия ва биология аз таърихи 5.12.16. то 10.12.16 гузаронида шуд. Дарсҳои кушод викторинаҳо, корҳои лаборатори ва конфронсҳо ташкил карда шуданд. Дар ин ҳафта ҳар як омузгори иттиҳодия 2-3 соати дарсҳои кушод гузарониданд. Хонандагон дар ин ҳафта дониши худро аз ин фанҳо муаррифи намуданд ва инчунин дар саҳни литсей, ошиёнаҳои 3 ва 4-рум газетаҳои девори ва гушаҳои табии ба намоиш гузоштанд.

Омузгорони иттиҳодия як қатор чорабиниҳои гуногун : дарсҳои кушод, дарси мусобиқа, конфронс ва корҳои лаборатори гузарониданд.

1.Кокова С.С. «Лундакирмҳои муфтхури инсон ва ҳайвон, мубориза бар зидди кирмҳои муфтхур» дар синфи 7 «В»

2.Раҳимова М. Конфронс дар мавзуи : «Саҳми олимони тоҷик дар инкишофи илми химия» синфҳои 10-ум

3. Амрихудоев Ҷ. «Ҳосил кардани гидроген дар лаборатория ва хосиятҳои физикавии он» дар синфи 8 В

4. Нарзуллоев М. « Занҷири ғизои ва аҳамияти он барои организмҳои зинда» синфи 9 Б

5. Одинаева С. Дарси мусоҳиба: «Оилаи растаниҳо » синфи 6-ум, ва «Намудҳои дорувории оилаи чатргулҳо» синфи 6 Б

6. Раҳмонова Х. «Работа сердце» дар синфи 9Д

7. Николаева Т. Кори лаборатори: «Намакҳои аммоний»

Кушодашавии ҳафтаи фанҳои табии

Дар таърихи 5.12.16 дар толори литсей кушодашавии ҳафтаи фанни аз тарафи омузгорони иттиҳодия ва хонандагон гузаронида шуд, ки дар он хонандагон оиди фанҳои химия ва биология маълумот доданд.

 Ҳосилкардани гидроген дар лаборатория

Гидрогенро аввалин маротиба соли 1766 аз тарафи олим Ковендишдар вақти таъсири металли руҳ бо кислотаи хлорид ва сулфат ҳосил намуд. Роҳҳои ҳосил намудани гидроген дар лаборатория ниҳоят зиёд аст.

Оилаи растаниҳо

Дар байни хонандагони синфҳои 6-ум оиди оилаи растаниҳои дупалла дарс – мусобиқа гузаронида шуд. Хонандагони синфи 6 «А» оиди оилаи растаниҳо, 6 «Б» оилаи ангур ва 6 «В» оидаи оилаи чиллигулҳо маълумот пешниҳод намуданд.

Кори дил

Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонаруз тахминан 100 ҳазор маротиба кашиш мехурад. Дар айни ҳол вай қариб 10 тонна хунро чун насос ба ҳаракат медарорад. Кашишхурии дилро мушакҳои дил ба ҷо меоранд. Дар ҳолати ороми дил дар як дақиқа 70-75 маротиба кашиш мехурад.

Намакҳои аммоний

Намакҳои аммоний моддаҳои кристалии дар об ҳалшаванда буда, маҳлулҳои обиашон пурра диссотсиатсия мешаванд. Аз чиҳати химияви намакҳои аммоний фаъол мебошанд. Намакҳои аммоний татбиқи васеъ доранд.

Саҳми олимони тоҷик дар инкишояи илми кимиё

Саҳми олимони муосири форс ва тоҷик дар инкишофи илми химия ниҳоят калон аст. Аз қабили  Ҷобир ибни Хайёни Туси, Закарёи Рози, Абурайҳони Беруни , Абуали ибни Сино, Ҷобир ибни Хайён нахустин химиядони машҳури шарку ғарб мебошад, ки дар ғарб бо номи лотинишудаи «Гебер» маъруф аст. Ҷобир асосгузори «Химияи таҷрибави мебошад». 

Натиҷаи ҳафтаи фанни бо он анҷомид, ки хонандагон нисбати фанни химия ва биология ҷиддитар шуданд. Онҳо дарк карданд, ки имрузҳо Ҷумҳурии мо ба чунин мутахассисони олимартаба ниёз дорад. Ба воситаи корҳои лаборатори, айёниятҳо иштироки фаъоли хонандагон ба назар мерасид. Ҳар яке кушиш мекард, ки дар ҳалли муаммоҳо қобилияти худро нишон диҳад. Дар ин ҳафта мушоҳида гардид, ки хонандагон худро фаъол нишон доданд. Омузгорон  низ кушиш намуданд, ки шогирдони онҳо фаъол бошанд.

Олимпиада

Хушбахтона имсол дар олимпиадаи Ҷумхуриявии номи хонандаи синфи 11 «В» Зарипов Давлатҷон аз фанни биология иштирок намуда сазовори ҷойи 1-ум ва медали тилло гардид, бо роҳбарии муаллимаи ботаҷрибаи иттиҳодия Кокова С.С.

Лоиҳаҳои иттиҳодия

Ҳар сол моҳи апрел дар литсей Ҳафтаи илм ва эҷодиёт гузаронида мешавад.  Имсол аз иттиҳодияи методии фанҳои химия ва биология 4 нафар хонандагон лоиҳаҳои худро  бо роҳбарии омузгорони иттиҳодия ҳимоя намуданд.   

1 Қувандиқов Муҳаммадшо Дастгоҳ барои муайянкунии электролит ва ғайри электролитҳо 10 «Б» Раҳимова М 
2 Амонов Фаррух Гелминтоз: бемориҳои гелминтӣ дар кўдакон 8 «Д» Раҳмонова Ҳ 
3 Наимов Холҷон Проблемаҳои экологӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе  8 «Д» Раҳмонова Ҳ 
4 Шоев Мухаммад  Омўзиши таркиби биохимиявии оби нушокӣ дар шаҳри Душанбе  8 «Д» Раҳмонова Ҳ 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба маҷлиси Олӣ қайд намуданд: «Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ,  на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Вобаста ба ин, аз устодону омўзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷўёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омўзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд  ва ба касбомўзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рўҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ тарбия намоянд».

6.05.17. дар литсейи №1 муаррифии лоиҳаҳои илми- тадқиқоти шаҳри баргузор гардид ва аз иттиҳодияи мо Қуввандиқов Муҳаммадшоҳ хонандаи синфи 10 «Б» аз фанни химия бо лоиҳаи худ дар мавзуи «Дастгоҳ барои муайянкунии электролит ва ғайриэлектролитҳо» баромад намуда сазовори ифтихорнома гардид.   

Дастурҳои методи

Бояд қайд намуд, ки ҳар сол омўзгорони литсей барои баланд бардоштани савияи дониш ва васеъ намудани ҷаҳонбинии хонандагон якчанд дастурҳои методӣ мебароранд. Аз иттиҳодия имсол 2-то дастури методи бароварда шуд.
1. Амрихудоев Ҷ .
«Таърифу қоидаҳо аз фанни химияи ғайриорганикӣ»
2. Амрихудоева М.Ҷ .
«Маҷмўи саволҳои тестӣ ва бозиҳои дидактикӣ аз фанни ботаника барои синфҳои 5-ум»

Ташнаро як қатра об, аз дурри дарё беҳтар аст,
Гушнаро як пора нон, аз ганҷи дунё беҳтар аст.

Дар ин конфронс хоандагони синфи 9 «Б» ва 8 «В» бо роҳбарии омузгорон Нарзуллоев М ва Амрихудоев Ҷ баромад намуданд. Об муъҷизаи бебаҳо, сарчашмаи пайдоишу пойдории олами зинда, одамон, ҳайвонот ва наботот аст. Аз ин ҷиҳат яке аз проблемаҳои бузурги чаҳони муосир истифодаи оби тоза аст. қариб 80 кишвари ҷаҳон дар ин бобат дучори мушкилот гардидаанд, ки ин зиёда аз 1миллиард аҳолиро дар бар мегирад.

Байни хонандагони синфҳои 5-6ум дар мавзуи «Об барои рушди устувор» озмуни расми беҳтарин гузаронида шуд. Хонандагон фаъолона иштирок намуда  аз байни онҳо беҳтаринҳо сазовори ифтихорнома гардидаанд.

 

JoomShaper