Зарари телефонҳои мобилӣ

Аз таърихи 23 –уми октябр  то  28 - уми октябри соли 2017 дар литсейи инноватсионии "Душанбе"  ҳафтаи «Зарари телефонҳои мобилӣ»  гузаронида шуд. Ҷамъомад давоми  ҳафта  мувофиқи нақшаи тартиб додашуда  гузашт.  Ҳафта аз ҷамъомади пагоҳирӯзӣ  оғоз гардид.

 

Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо  дар мавзўи «Зарари телефонҳои мобилӣ» ба намоиш гузошта шуда буд.

 Гуруҳи муштараки сайёр ки аз аъзоёни фаъоли Созмони талабагӣ таъсис ёфта буд,  синф ба синф гашта бо шиори «Саломатии ҳар кас дар дасти худаш аст» баромади худро ба хонандагон пешкаш намуданд.

Дар таърихи 27- уми октябр дар толори литсей конфронс дар мавзӯи «Зарари телефонҳои мобилӣ  ва  тарзи дурусти истифодаи он» аз тарафи омӯзгорони фанни физика Муҳаммадҷонов М. ва Одинабекова Г. бо хонандагони синфи 11 А гузаронида шуд.

Давоми ҳафта  се маротиба рейдҳо гузаронида шуд. Нафароне, ки  бо телефон ба литсей омаданд онхоро  бо Қонун  оиди манъ будану овардан ва истифодаи телефонҳои мобили бори дигар шинос намуданд ва огоҳ карда  шуданд.

Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта  низ маҳз ба  мавзӯи  «Зарари телефонҳо ба организми кудак» бахшида шуданд.

JoomShaper