Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Аз таърихи   5- уми марти  соли 2018  дар литсейи инноватсионии "Душанбе" чорабинӣ  бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, конфронси адабӣ- эҷодӣ  таҳти мавзӯи «Шаҳрошӯб – шаҳри ҳунарҳост» шуда гузашт.

Дар конфрос дар бораи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ маълумотҳо дода шуда наворҳои ҷолиб пешкаш гардиданд. Хонандагони синфи 10 Б порчае аз ашъори «Шаҳрошӯб» -и Саидои Насафӣро ба саҳна гузоштанд ва  ҳунарҳои қадимаи эҳёшудаи имрӯзаро аз диди нав  муқоиса намуданд.

  

Сипас, хонандагони фаъол аз маҳсулотҳои иҷрокарда ва тарзу усулҳои истифодабурдаи худ  маълумот доданд, маҳсули ҳунарҳои худро пешкаши ҳамагон намуданд.

  

 

JoomShaper