Рӯзи Президент

Аз таърихи  16- уми ноябри соли 2017 дар литсейи инноватсионии "Душанбе" чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президент  таҷлил гардид. Ҷамъомад давоми рӯз мувофиқи нақшаи тартиб додашуда    соати 7 30 дар

ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо  дар мавзӯи «Президенти давлат – Пойдевори ваҳдати миллат» ба намоиш гузошта шуда буд.

 Соати 12:25 дар толори литсей  Конфронс бахшида ба Рӯзи Президент дар мавзўи «Ифтихори миллат» шуда гузашт.

 

Гуруҳи муштараки сайёр ки аз аъзоёни фаъоли Созмони талабагӣ таъсис ёфтааст, вориди  синфхонахо  гашта баромади худро зери мавзуи «Президенти давлат – равшанбахши роҳи ояндаи миллат»   пешкаши хонандагон намуданд.

  

Дар ин ҳафта низ соатҳои тарбияви  маҳз ба  мавзўи  «Президенти давлат – раҳнамову раҳовари тоҷикон» бахшида шуданд.

 

JoomShaper