Рӯзи Парчам

 Аз таърихи  24- ми ноябри соли 2017 дар литсейи инноватсионии "Душанбе" чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчам  таҷлил гардид. Ҷамъомад давоми  ҳафта  мувофиқи нақшаи кори тартиб додашуда баргузор гардид.

Ҷамъомади пагоҳирӯзӣ соати 7:30 оғоз гардид. Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо  дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – Шиносномаи соҳибистиклолии мамлакат!» ба намоиш гузошта шуда буд.


Соати 12:25 дар толори литсей  Конфронс бахшида ба Рӯзи Парчами милли оиди мавзўи «Парчами давлатӣ – Рамзи нангу номуси ватандорӣ!» шуда гузашт.

 

 

Гуруҳи муштараки сайёр ки аз аъзоёни фаъоли Созмони талабаги таъсис ёфта буд, бо шиори «Эҳтироми Парчам, эҳтироми миллат аст!» вориди  синфхонахо  гашта баромади худро ба хонандагон пешкаш намуданд.

Инчунин дар ин ҳафта соатҳои тарбиявӣ  низ маҳз ба  мавзўи  «Парчам – нишонаи ҳурият, озодӣ ва ифтихор!»   гузаронида шуданд.

 

 

Бахшида ба ин ҷашни бузург хонандагони фаъоли синфҳои 5 –ум дар назди мучассамаи А. Фирдавсӣ ба сафи Созмони талабагӣ қабул  карда шуданд.

Худи ҳамон рӯз хонандагони фаъоли литсей бо донишҷуёни ДТТ  ба ҷашни чорабинии Рӯзи Парчами милли ба боғи  Рудаки рафтанд.  

JoomShaper