Одоби салом

Аз таърихи 5-уми феврал  то  10-уми  феврали соли 2018 дар литсейи инноватсионии "Душанбе"  ҳафтаи «Одоби салом»  гузаронида шуд. Ҷамъомад давоми  ҳафта  мувофиқи нақшаи тартиб додашуда  гузашт. 

Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо  дар мавзўи «Одоби салом» ба намоиш гузошта шуда буд.                           Гуруҳи муштарари сайёр ки аз аъзоёни фаъоли Созмони талабаги таъсис ёфта шуда буд, бо баромадҳо  синф ба синф  дар мавзуъи  «Хусни инсон одоби саломи уст», «Салом калиди кушоиши муносибатҳо» гашта баромади худро ба хонандагон пешкаш намуда, оиди  салом маънии он, намудҳои салом маълумотҳо доданд.

 

 

Давоми ҳафта аз тарафи фаъолони Созмони талабаги гуруҳи навбатдорон ташкил карда шуд, ки онҳо дар долонҳо ва саҳни ҳавлии литсей навбатдори намуда, хонандагоне, ки  одоби муоширатро ба чо намеоварданд  ё дағали мекарданд ба руйхат дароварда бо онҳо суҳбат гузарониданд.

Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта  низ маҳс ба  мавзўи  «Салом қарзи худо», шиносои бо дастури «Одоби салом» бахшида шуда,  гузаронида шуд. 

JoomShaper