Кирдори накӯ

Аз таърихи 11 – уми декабр  то  16 - ми декабри соли 2017 дар литсейи инноватсионии "Душанбе"  ҳафтаи «Кирдори накӯ» , «Ғамхорӣ ва шафқат» гузаронида  шуд. Ҷамъомад давоми  ҳафта  мувофиқи нақшаи тартиб додашуда  гузашт.  Ҳафта   аз ҷамъомади пагоҳирӯзӣ  оғоз гардид.

 Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо  дар мавзӯи «Ҳарки хандонад ятими хастаро…», «Гар дасти фитодае бигири…» ба намоиш гузошта шуда буд.

Гурӯҳи муштараки сайёр, ки аз аъзоёни фаъоли Созмони талабагӣ таъсис ёфтааст ,  вориди синфхонахо гашта  бо шиори «Монад ба ҷаҳон з-одами некӣ нишон»    баромади худро ба хонандагон  пешкаш намуданд.

  

 

Давоми ҳафта амалиёти хайрия баҳри хонакудакистони №1 ноҳияи Фирдавсӣ эълон гашт. Аз  тарафи аъзоёни фаъоли СТ гурўҳи махсус ташкил карда шуд, ки ба ҷамъоварии маводҳои тахсил ва лавозимоти зарурӣ баҳри ин кудакони нимятим  вазифадор карда шуда буданд. Амалиёти Хайрия ихтиёри буда ҳар нафаре, ки хоҳиш дошт тавонист саҳми худро гузорад. Аз тарафи хонандагони синфи 10 «Г» барномаи ҷолиби афсонавӣ баҳри ин кудакон ташкил карда шуд. Кумитаи волидайни хонандагони синфи 11 «Б » саҳм гирифтанд, ки дар арафаи иди Соли нави Милодӣ кудакони ин хонакудакистонро бо туҳфаҳои Соли нави шод гардонанд.

 

Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта  маҳз ба  мавзўи  «Кори некро бо миннат ботил макун» бахшида шуданд.

JoomShaper